92|1|Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад
92|2|ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад
92|3|ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,
92|4|ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст.
92|5|Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард
92|6|ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро),
92|7|пас барои биҳишт омодааш мекунем.
92|8|Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард.
92|9|ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард),
92|10|ӯро барои дӯзах омода месозем.
92|11|Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.
92|12|Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист.
92|13|Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон.
92|14|Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам,
92|15|ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад,
92|16|он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд.
92|17|Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд,
92|18|он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд.
92|19|Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад,
92|20|Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.
92|21|Ва ба зудӣ хушнуд шавад.
Tajik Quran | Қуръонро хонед
Pages: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 103 104 105 106 107 108 109 110 111 112 113 114