82|1|Он гоҳ, ки осмон бишикофад
82|2|ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд
82|3|ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд
82|4|ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид,
82|5|ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.
82|6|Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст).
82|7|Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард.
82|8|Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).
82|9|Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.
82|10|Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
82|11|котибоне бузургвор
82|12|медонанд, ки шумо чӣ мекунед.
82|13|Албатта некӯкорон дар неъматанд
82|14|ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам!
82|15|Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
82|16|ва аз он ғоиб нашаванд
82|17|Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
82|18|Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
82|19|Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад.
Tajik Quran | Қуръонро хонед
Pages: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 103 104 105 106 107 108 109 110 111 112 113 114