81|1|Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад
81|2|ва чун ситорагон фурӯ резанд
81|3|ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд
81|4|ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд
81|5|ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд,
81|6|ва чун дарёҳо оташ гиранд
81|7|ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд!
81|8|ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки
81|9|ба чӣ гуноҳе кушта шудааст
81|10|ва чун саҳифаҳо боз шаванд,
81|11|ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад’
81|12|ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад
81|13|ва чун биҳиштро пеш оваранд,
81|14|ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст.
81|15|Савганд ба ситорагони бозгарданда,
81|16|сайркунандаи ғойбшаванда
81|17|ва савганд ба шаб, чун торик шавад
81|18|ва савганд ба субҳ чун бидамад,
81|19|ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст,
81|20|нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ
81|21|он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст
81|22|Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест.
81|23|Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст
81|24|Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.
81|25|Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест.
81|26|Пас ба куҷо меравед?
81|27|Ин китоб пандест барои ҷаҳониён,
81|28|барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад.
81|29|Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад.
Tajik Quran | Қуръонро хонед
Pages: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 103 104 105 106 107 108 109 110 111 112 113 114