Tajik Quran | Қуръонро хонед

87|1|Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун,
87|2|он ки офарид ва дурустандом кард,
87|3|Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд.
87|4|Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид,
87|5|сипас хушку сиёҳ гардонид.
87|6|Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ.
87|7|ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад.
87|8|Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем.
87|9|Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ.
87|10|Он ки метарсад, панд мегирад.
87|11|Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад,
87|12|он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад
87|13|ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад.
87|14|Албатта покон наҷот ёфтанд,
87|15|онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.
87|16|Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед,
87|17|ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.
87|18|Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст,
87|19|саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо!

Pages ( 87 of 114 ): « Previous1 ... 8586 87 8889 ... 114Next »