85|1|Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
85|2|ва қасам ба рӯзи мавъуд
85|3|ва қасам ба шоҳидидиҳанда ва он чӣ ба он шоҳидӣ диҳанд,
85|4|ки соҳибони уҳдуд ба ҳалокат расиданд.
85|5|Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо
85|6|он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
85|7|ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд.
85|8|Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд,
85|9|он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст.
85|10|Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд ва тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.
85|11|Барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!
85|12|Ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст.
85|13|Ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад.
85|14|Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст.
85|15|Ӯст соҳиби арши бузург.
85|16|Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад.
85|17|Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ?
85|18|Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд,
85|19|Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд;
85|20|ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад.
85|21|Бале, ин Қуръони маҷид аст
85|22|дар лавҳи маҳфуз!
Tajik Quran | Қуръонро хонед
Pages: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 103 104 105 106 107 108 109 110 111 112 113 114