Tajik Quran | Қуръонро хонед

80|1|Рӯйро турш кард ва сар баргардонид,
80|2|чун он нобино ба наздаш омад,
80|3|Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад,
80|4|ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.
80|5|Аммо он ки ӯ тавонгар аст,
80|6|ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ
80|7|ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.
80|8|Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд
80|9|ва метарсад, (аз худо).
80|10|ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ.
80|11|Оре, ин Қуръон пандест,
80|12|пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.
80|13|Дар саҳифаҳое гиромӣ.
80|14|баландқадру покиза,
80|15|ба дасти котибоне,
80|16|бузургвору некӯкор.
80|17|Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст!
80|18|Ӯро аз чӣ офаридааст?
80|19|Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард,
80|20|сипас роҳашро осон сохт.
80|21|Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард.
80|22|Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад.
80|23|На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст.
80|24|Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад
80|25|Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ
80|26|ва заминро шикофтем, шикофтанӣ
80|27|ва дар он донаҳо рӯёнидем
80|28|ва току сабзавот
80|29|ва зайтуну нахл (дарахти хурмо)
80|30|ва боғҳои пурдарахт
80|31|ва меваву алаф,
80|32|то шумову чорпоёнатон баҳра баред,
80|33|Чун бонги қиёмат барояд,
80|34|рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад
80|35|ва аз модарашу падараш
80|36|ва аз занашу фарзандонаш.
80|37|Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад.
80|38|Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд,
80|39|хандонанду шодонанд.
80|40|Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд,
80|41|дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд.
80|42|Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон).

Pages ( 80 of 114 ): « Previous1 ... 7879 80 8182 ... 114Next »