Tajik Quran | Қуръонро хонед

91|1|Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
91|2|ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд
91|3|ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
91|4|ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад
91|5|ва савганд ба осмону он ки онро бино карда
91|6|ва савганд ба замину он ки онро бигустурда
91|7|ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,
91|8|сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,
91|9|ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт
91|10|ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард.
91|11|Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд.
91|12|Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.
91|13|Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред!
91|14|Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт.
91|15|Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад.

Pages ( 91 of 114 ): « Previous1 ... 8990 91 9293 ... 114Next »